🔸 Матни пурсиш:
Слом бар заминасозони ҳукумати валии амри муслимини ҷаҳон ва сарвари муваҳҳидони холис!
Барои ислоҳи эътиқодоти худ ва дурӣ аз занн, суъолоте доштам:
1 . Оё дар шурӯъи Ислом чизе ба номи издивоҷи муваққат, он ҳам ба сурати махфӣ вуҷуд дорад?
2 . Чаро уламои мазоҳиби аҳли суннат онро ҳаром медонанд ва уламои шиъа онро воҷиб?
3 . Оё агар касе маҷбур бошад ба издивоҷи муваққат, кӯмак ба ӯ воҷиб аст ё хайр?
4 . Оё агар касе тамоюл ба издивоҷи доъим надорад ва издивоҷи муваққат анҷом медиҳад ишкол дорад?
5 . Оё духтарон ҳаққи чунин издивоҷе доранд?
6 . Оё бидуни ризояти зан чунин издивоҷе [барои шавҳари ӯ] муҷоз аст?
7 . Дар ҷомеъаи имрӯзи муслимин, ҷавононе ки хоҳони издивоҷ ҳастанд ва шароити лозим вуҷуд надорад ва наметавонанд иффат пеша кунанд чи кунанд? Чи касе масъул аст?
🔸 Матни посух:
Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:
1 . Никоҳ ба маънои ақдӣ шаръӣ аст ки ба муҷиби он, мард муҷоз ба истимтоъ аз зан бо ивазе маълум мешавад ва осори он таҳаққуқи эҳсон, вилоят, таворис ва интишори маҳрумият аст ва давоми он ақлан ё шаръан шарт нест; Ақлан ба далили инки асли адами иштирот аст ва таъйини муддат барои никоҳ мунофоте бо муқтазои он надорад, ҳамчунонки бо қатъ ба талоқ балки қасди он мунъақид мешавад ва ҳар коре ки барои ҳамеша ҷойиз аст, ба таври авло барои муддатӣ маҳдуд ҷойиз хоҳад буд ва шаръан ба далили зоҳири сухани Худованд ки фармудааст: ﴾فَمَا اسْتَمْتَعْتُمْ بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ﴿; «Пас касоне аз занҳо ки мутъа мекунед, муздҳошонро ба унвони як фариза ба онҳо бипардозед», бино бар зоҳири лафзи «Истимтоъ» дар мутъа ва бино бар қироъати Убай ибни Каъб ва Абдуллоҳ ибни Аббос ки муштамил бар ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2557/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев