Худоё, чаро маро ин кадар безебу бадвохима офариди? Сипас чомадонашро гирифту бори охирин ба акси давраи аруси гирифтаашон нигариста зери лаб гоибона бо шавхари дустдораш хайрухуш кард: -Азизи дилу дидаи ман, хайр, туро дуст медорам ва ба хотири ту ман симоямро дигар мекунам.У ба тамоми хонаи хобаш керосин рехту пеш аз баромадан гугирдро гирифта алов зад.Сипас давида-давида аз хавли баромад.Мошини кирояро манъ карда рох ба суйи хонаи дар дигар кунчи шахр ичора гирифтааш рахсипор гардид. Хавлии бохашамат мисли гулхани фурузон месухту месухт. -Азизам Шодмон, маро бубахш, ин хама ба хотири ишку мухаббати ту аст. Ман дигар илоч надорам. Ман хам дар ин хавли бо тамоми боигарии ту сухтам. Зулайхо сухта ба часади лунда-лунда мубаддал гашт. Зулайхо ку дар ишки Юсуф сухта сухта ба як пиразани фартут табдил ёфта бошад, пас ман Зулайхоро кушта Зулайхои дигарро аз нав месозам. Зулайхо аз хурдиаш хис мекард, ки нисбати дигар дугонахояш у бадсимо асту ягон латофати духтарона надорад. Дар мактаб хама уро масхаракунон «Зулайхои мардбашара» мегуфтанд. Чашмони калон- калону абрувони васеъ, бинии калон, лабони пахнаш уро бештар ба мардхо монанд мекард. Чусааш низ баходурона буд. Падару модари Зулайхо хеле дер кудакдор шуда буданд. Зулайхо дар оила ягона духтар буд. Барояш тамоми чизи дунёро падару модар мухайё мекарданд. Зулайхо баъди хатми мактаб орзу кард, ки ба Донишгохи тибби хуччат супорад, аммо падар барояш як домоди зебои миёнахолеро дарёфту у баъди дидани акси чавон сахт ошик шуду аз хондан даст кашид. Туйи бодабдаба карда Зулайхоро ба ин чавон хонадомод карданд. Тамоми сарваташро падар ба номи духтару домодаш гузаронид. Модари Зулайхо ба касалии калб гирифтор шуду шабе беозор дилаш зада ин дунёро тарк намуд. Падар марги хамсарашро тахаммул карда натавониста баъди шаш мох аз гаму дарди вафот карда. Дар ин хавлии дакаданг Зулайхову шавхараш танхо монданд. Аз рузи аввали хонадори Шодмон Зулайхоро дуст надошт, хатто шабхо бистарашро алохида мепартофт. Зулайхо мухточи дустдориву мухаббати шавхар худро меоросту атрхои гаронбахоро истифода бурда шабхо дар бистари сап-сапед интизори шавхар менишаст. Аммо Шодмон шабона хеле дер ба хона бармегашту ба хамсараш хатто нимнигохе накарда, хоб мерафт. Бо ин минвол ба зиндагии онхо 7 соли пур шуд. Бедилии шавхар Зулайхоро аз акл девона мекард. Дуст медошт Шодмонро бо тамоми хастиаш. Китобхои зиёде мехонд. Аз Худо дар намозхояш зори мекард, ки шавхараш уро дуст дорад. Медонист, ки шавхараш ба гайри у боз зани дигари никохи гирифтааст. Аммо чизе намегуфт. Чунки медонист, ки агар чизе ба забон орад, хамон замон Шодмон аз хона баромада меравад. Хомуши ва фармонбардориаш ягона аслихае буд, ки Шодмонро дар ин хавли нигох медошт. Боре як дугонаи таннозаш ба мехмони омада ба у гуфт, ки агар хохи туро ба назди як духтури чаррохи пластики мебарам, ту ку пул дори, худатро чаррохи куну норасоихои чехраатро ба тартиб дарор.Зулайхо аввал рози нашуду гуфт, ки ба такдир тан додаасту парвои безебиаш надорад. -Охир ин бепарвоиат шавхаратро аз ту дилхунук кардааст. Бин шавхарат ба ту тамоман нигох намекунад. Зулайхо баъди ин суханони дугонааш дер гох фикр карду окибат ба сараш накшаи ачибе омад. Аввал рафта аз кассобон як гусфанди нав кушташударо харида оварду гушташро бирён карда кайла кард. Сипас ба як гушаи дурдасти шахр рафта хонаеро ичора гирифта ба муддати ду сол. Баъд ба дугонааш занг зада нишонии он чаррохи пластикиро пурсон шуд. Нишонии уро гирифта кофта-кофта ба наздаш омад. Гуфт, ки у пурра чехраашро дигар карданист. -Барои чи? -Чунки ман безеб хастам . -Шавхар дори? -Надорам, аз руйи безебиам аз ман чудо шуд. -Аммо чаррохии пластики хеле киммат аст. -Медонам.Чи кадаре лозим аст, гуед. -Ин чаррохиро ман дар Маскав дар клиникаи шахсии як нафар дусти эрониам мегузаронам. Чунки дар Душанбе он хама тачхизоти лозима вучуд надорад.Вале барои ин шаш зарур аст, ки ту дар беморхона бихоби. Баъди ин чаррохи ту бояд хар сол як маротиба дар беморхонаи мо омада табобат бигири. -Ман рози, шумо аз пулаш парво накунед. Аммо ба дугонаам дар ин бора чизе нагуед. Илтимос. -Майлаш. Аммо инхомуши хам пул меистад. -Ман ба хамааш рози. Зулайхо тамоми либосхои гаронбахову тиллову зару зеварашро гирифта ба хонаи ичора овард. Шабе, ки бояд аз он хона мерафт, шаби сиёхтарини умраш буд. Шодмон чун харруза як ба хона омаду ба у гуфт, ки зудтар шиму костюми сафеди маро тайёр кун. -Ба ягон чо меравед? -Кори ту чи? -Хозир тайёр мекунам. -Гуш кун, Зулайхо. Ин хафт соли бемухаббат зистан магар ба дилат назад. Биё расми бо розигии хамдигар чудо шавем .Ба ман чизе аз боигарии падари ту даркор нест. Факат . ки барои чудо шудан рози шав. -Ту зан гирифти? -Бале -Кист ин зани хушбахт? -Инаш кори ту не. Факат ки ту рози шав. -Ман рози, факат ки пагох бегохи дар ин масъала гап мезанем. -Майлаш,-аввалин бор дар лабони Шодмони хамеша гамгину озурда ханда гул кард. Зулайхо ба чехраи хандону шукуфони шавхараш нигариста хост, ки рафта уро бибусаду тамоми пазмонихои дилашро аз у биситонад. Аммо тарсид. Медонист, ки шавхараш уро дуст намедораду ин лахза шояд уро аз худ дур карда дашном бидихад. Факат , ки бо чашмони пури об гуфт: -Рохат сафед азизам. Шодмон бо шиму костюми сап-сапед мисли навшах аз хона баромад. Буйи атри гаронбахои шавхар хануз дар димогаш боки монда буд. -Ох ишки чонсузи ман, сухти вучудам. Зулайхо он шаб мувофики накшаи кашидааш дар руйи бистари хобаш гушти пухта ва устухонхои гусфандро оварда гузошту сипас керосин рехта буд. Аз ин кораш у часади сухтаи худро сохтани буд. Он шаб тамоми хамсояхо баромада таъчилан ба хадамоти сухторхомушкуни занг зада буданд. Шодмон карибихои субх ба хона баргашту хайрон шуд. Аз даруни хавли факат устухонхоро дарёфтанду халос. Ин сухтор ба як ходисае монанд буд, ки худкушии сохибхонаро ба хотир меовард. Кормандони полис, муфатишон омада аз Шодмон суол доданд, ки чаро шабона хамсарашро танхо гузошта рафтааст. -Холо ин устухонхоро ба экпертизаи тибби бурда месанчем. Хамсояхо гуфтанд,ки вактхои охир бегохихо байни шумо ва хамсаратон чангу чанчол будааст. -Ин дуруг аст. Мо гох-гох ягон бахс мекардему халос. Аммо дар моххои охир хамеша Зулайхо баркасдона бо шавхараш чанг карда мегуфт, ки ман расми ба ту харгиз талок намедихам .Агар худатро куши, ки ман аз закс чудо намекунам. Шояд ин додзанихои Зулайхоро хамсояхо шунида бошанд-аз дил гузаронид Шодмон. Шодмонро баъди ин ходиса муддати ду мох дар шуъбаи полис барои пурсиш нигох доштанд. Шодмон руирост гуфт, ки дуст надошта зан гирифтааст. Аммо нисбати хамсараш то ин вакт ягон зуровари истифода набурдааст. Муффатиш хангоми пурсучу гуфт, ки дугонахои наздики Зулайхо гуфтаанд, ки вактхои охир у аз зангирии шавхараш шикоят карда мегуфтааст, ки окибат даст ба худкуши даст хохад зад. Хохарзодаи Зулайхо накл кард, ки Зулайхо боре хангоми ба мехмони омаданаш гирякунон гуфтааст, ки у дар дидори кудак ташна асту аммо шавхараш бо у ягон муносибати занушавхари надорад. Аз ин ру у кадом руз худро оташ зада мекушад. Шодмоназ кормандони суди тибби пурсон шуд, ки чаро то хол устухонхои ёфтаашонро муайян накардаанд. Мутахассиси суди тибби гуфт, ки эхтимолан ин устухони одам нест. Аммо холо боз онхо ташхис бурда истодаанд ва рузхои наздик аник мешавад, ки часади сухтаи ёфта аз даруни оташ ба Зулайхо таалук дорад ё не.Шодмон бо кахр гуфт, ки аввал гунахкорро ёбеду баъд бурда махкам кунед. Охир ман он шаб дар хона набудам ку. -Он шаб кучо будед? -Дар хонаи зани навам. Шодмон рузхои охирини зиндагиашро бо Зулайхо пеши назар оварда рафторхои хунуки уро тахлил мекард. -Ана барои чи Зулайхо оромона он шаб барои чудо шудан рози шуда будааст-суханони охиринихамсарашро ба хотир овард Шодмон. Зулайхо , ки то ин вакт ному насабашро ба ному насаби нав «Зуля Рахими» иваз карда буд, барои парвоз ба шахри Маскав тайёри медид. У бо хамрохии табиби тачрибадор ба шахри Маскав сафар кард.
Давом дорад
давомашро метавонед дар сайти худам хонед Куваи ишк чи кадар бузур аст ки одамро ба хар кор рози мекунад
сайти ма закриты хаст Дружит рои кунед бо эхтиром
Ms Isfan


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев