‼️Тоҷик мегуед, қазоқ мегуед, қирғиз мегуед, ин мегуед, он мегуед. Дар ҳамин ҷо ҳам, дар сафи онҳое, ки ҳузур доранд, ҳамин ҷо ҳастанд ин хел инсонҳо, ин хел бародарон ҳастанд, истодаанд.
Аз тоҷик духтар намегиранд ( арус намегиранд), ба тоҷик духтар ( арус) намедиҳанд, ё ба дигар миллатҳо мегӯянд, ки фаросати паст, зоти паст доранд.
Оё медонед, ки Салмони форс - форс буд, лекин саҳоба буд. Кани бигӯед, аз туркҳо ( турк) ягон саҳоба буд, ё аз туркҳо ягон саҳоба баромадааст, ё не?
Пайғомбар ( с.а.в.с) гуфтаанд: " касоне, ки асабия ( миллатгарои) талаб мекунад ( ба миллатгарои даъват мекунад) аз мо нест".
Салмони Форс, форс буд, лекин саҳоба буд, ку ( кани) бигӯед аз турк саҳоба баромад, бигӯед, бигӯед. Форсҳо инҳо ҳамон тоҷикҳои имрӯза мебошанд, пас шумо дидаед, ки тоҷикҳо каттаги, фахр карда, дигар халқҳор писанд накарда бошанд, бо сабаби он, ки аз халқи онҳо саҳоба Салмони форс баромадааст, бо сабаби он, ки онҳо дар сафи гузаштагони худ чунин саҳоба доранд.
Бале, онҳо чунин саҳоба доранд ( ишора ба Салмони форс), ки дар ҷустуҷӯи Ҳақ назди Пайғамбар ( с.а.в.с) рафта буд ( ва у аввалин сарлашкари аҳли ислом буд - иловаи ман). Пайғамбар ( с.а.в.с) гуфта буданд: " агар имон ( илм) дар ситораи Сурайё бошад ( ҳам) инҳо ( форсҳо) ҳамон ҷо мераванд ва ҳамон ҷо имонро ( илмро) меёбанд ( ишора ба он, ки форсҳо дар соҳаи кашфиёт ва тараққиёти илму фарҳанг аз дигар халқҳои пеш рафта буданд). Ин ваъда ( ин суханҳоро) танҳо ба форсҳо ( нисбати онҳо) дода ( гуфта) буданд, ваъда дода шуда буд. Ба дигарҳо, ба араб, ба дигар халқҳои ( аҷам) ин ваъда, ин суханҳо дода ( гуфта) нашуда буд ( дар ин ҷо ин домулло ( эшон) ишора ба он, ки Пайғамбар ( с.а.в.с) ин гапҳоро танҳо нисбати мо гуфтаанд, лекин мо тоҷикҳо ҳеҷ аз ин сабаб, ба дигарон нописандона муроҷиат намекунем, дигаронро ҳамчун фарзанди як падару модар медонем).
Баъд ин эшон ( домулло) ба ҳозирин муроҷиат мекунад: " падару модари ҳама ( бани одам) аз як оила, аз як падару модар аст, пас чаро миллатгарои мекунед ( накунед ин кори саҳвро, кори ғалатро, бас кунед фасл карданро, бас кунед ҷудои андохтанро).
Баъзе иловаҳоро дохил кардам барои расонидани ҳадафи суханҳои домулло.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 31
Дар замоне, ки араб ҷаррор буд ....
То имрӯзро ана ҳамон мақолаи : --' * То ба кай об аз таги ях ҷорӣ мешавад * - ро дар хонаам нигоҳ медорам ....
Ин мақолаи Мирбобо Мираҳимов дар рӯзномаи * Ҷавонони Тоҷикистон дар даврони бозсозӣ ба чоп расида буд .....!!!!!
Албата чопи ин мақола мақому мансабдоронро бетараф нагузошт ва ин Рафиқ Нишонов озими Тоҷикистон шуд , нерӯгоҳи Норакро * зиёрат * кард .....
Ба воситаи телевизион фушурдаи муаоҳибаи телевизионӣ баргузор гардида буд ки яке ҳозирон суоле дода буд ...
Пас маълум мешавад ки ҳикмати халқи шарифи тоҷики шарифи форсизабон ҷон дорад : -- то замоне ки тифл гиря накунад модараш сина намедиҳад ..