Ё Раб, назаре кун ба дили зори Муродӣ,
Саршори ғам аст синаи афгори Муродӣ.
Сар то қадамам ғӯтида бар домани исён,
Тарсам, чи шавад оқибати кори Муродӣ.
Бо лутфу карам роҳе намо сӯи наҷотам,
Чунки набувад ҷуз ту мададгори Муродӣ.
Бо рӯи ниёз омадаам пеши дари ту,
То сози қабул тавбаву изҳори Муродӣ.
Эй Холиқи пок , оинае соз диламро,
Равшан бинамо гавҳари дидори Муродӣ.
Ҷуз Ту натавонад касе бедор бисозад,
Аз хоби гарон қалби гунаҳкори Муродӣ.
Ҳар гоми маро ҷониби даргоҳи худат бар,
Гар мунҳариф*аст пояи рафтори Муродӣ.
Думболи Калому сухани поки Расулат
Побаста бикун ҷумла ҳама кори Муродӣ.
Рӯзарду сарафканда макун пеши Ҳабибат,
Бо дидани Ӯ рӯи нагунсори Муродӣ.
Шояд гунаҳам бештар ояд зи савобам,
Нодида бигир иллати бисёри Муродӣ.
Он лаҳза, ки омад малаки мавт суроғам,
Осон бинамо ҳолати душвори Муродӣ.
Бо гавҳари имону ба гуфтори шаҳодат,
Рахшанда бикун хотимаи кори Муродӣ.
Тарсам зи азоби сақару рӯзи ҳисобот,
Хун мечакад аз синаи ғалбори Муродӣ.
Як лаҳзае аз раҳмати худ дур магардон,
Ҷуз бори гунаҳ чист ба хирвори Муродӣ!?
Хайру амали нек бидеҳ, токи бигардад,
Дар хонаи торику сияҳ ёри Муродӣ.
Бе саҳву хато кист, ки афви ту нахоҳад,
Бе афви ту хорист сазовори Муродӣ.
Аз ҷумлаи некони дарат ҳашр бигардон,
Дар рӯзи ҷазо ҷисми пурозори Муродӣ.
Он рӯзе, ки аз ташнагӣ сӯзад даҳану ҷон,
Сероб бикун ҳалқи гирифтори Муродӣ.
Вазнинӣ бидеҳ бар амали неки мизонам*,
Аз бори гуноҳ, карда сабук бори Муродӣ
Ҳолам чи шавад аз пули бурандаву борик,
Ёро, Ту бигир дасти хатокори Муродӣ.
Аз оташи пурваҳшату пурсӯз нигаҳ дор,
Ҷону тани озурдаву ғамбори Муродӣ.
Дар ҳарду ҷаҳон мағфирату офиятам деҳ,
То онки саодат бишавад ёри Муродӣ.
Бо ҳамду саноят бикунам хатми муноҷот,
Ё Раб, бипазир ҳарфи гуҳарбори Муродӣ.
Ҳар бандаи бо дасти дуоро Ту биомурз,
З-ин ҷумла мани оҷизу ночори Муродӣ.
-
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ).08.02.2017.
-
Мунҳариф* - аз роҳи рост баромада.
Мизон* - тарозу, тарозуи аъмол.
Пули бурранда* - пули сирот, гузаргоҳи борику тезе, ки аз рӯи дӯзах ба тарафи ҷаннат кашида шудааст.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1