Пазиробандае бошӣ ба Субҳон,
Бигӯям бар ту, эй ёри мусалмон
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Ба рӯзе, панҷ вақтеро ҷудо кун,
Бихезу фарзу ҳам қарзат адо кун.
Таҳорат кун ба исми поки Яздон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Намозат нур бахшад бар вуҷудат,
Биёбӣ рӯҳи нав аз ҳар суҷудат.
Ба рӯҳу пайкарат то ёбӣ дармон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Сафо ёбӣ зи ӯ дар ҳарду олам,
Раҳо ёбӣ зи ранҷу зулмату ғам.
Шавад дунёву уқбоят чароғон,
Намозатро ба вакти хеш мехон!
.
Худоро гар бидонӣ Холиқи худ,
Набояд амри Ӯро тарк бинмуд!
Бихоҳи бо ту бошад нури имон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Мукаммал кун ҳама шарти вузӯяш,
Бихон бо роҳату ҳам бо хушӯяш.
Ва Маъбудро яқинан рӯ ба рӯ дон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Намозе, ки набошад бо муҳаббат,
Мапиндораш варо ҷузъе зи тоат!
Тамоми ин ҳавасҳоро зи худ рон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Магӯ, имрӯз ё фардо бихонӣ,
Яқин дорӣ, ки то фардо бимонӣ?
Зи дил берун намо ин ҳарфи шайтон!
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Расули Ҳақ, Ҳабиби хоси Раҳмон,
Чи амре дошт медонӣ ба ёрон?
Ҳамин буд дар забонаш то дами ҷон
Намозатро ба вақти хеш мехон!
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 19.01.2021


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 70
Биёби рухи нав аз хар сучудат.
Ба рухи пайкарат то ёби дармон,
Намозатро ба вакти хеш мехон!.....
Бехатарине бехтаринхо андарзу панди хикматона. Ахсанхо нисори Шумо шоири ширингуфтору додари гиромикадр Муродии махзани ганчу гавхар.
Сояи Хак аз саратон дур нагардаду Рахмати Аллох ба Шумо бод Худованд ба орзуои диню дуниявиатон бирасонад дар катори бандагони муслимаш Омин.
Худо нигаҳбонатон!
Ташаккури зиёд аз лутфатон!