بسم الله الرّحمن الرّحیم
Сипос мигузорам Парвардигореро ки ҷуз Ӯ Парвардигоре нест; Додгаре ки ситам намекунад ва тавоное ки нотавон намегардад ва доное ки бехабар намемонад ва бедоре ки ба хоб намеравад ва зиндае ки намемирад; Худойе ки ба зоти худ сутуда аст ва аз ҳар костӣ ва кажӣ пироста; Худойе ки ба зоти худ қоъим аст ва дар қавоми худ доъим; Худойе ки дар авҷи зуҳур пинҳон аст ва дар пушти ҳазор парда намоён; Худойе ки замину осмон ва ҳар чи миёни он ду астро дар шаш рӯз биёфарид то далиле бошад бар рубубияти Ӯ; Худойе ки фариштагонро бо раҳмат ва қудрати хеш биёфарид ва дар ситорагон ва сайёрот ҷой дод то Ӯро биситоянд ва хидмат кунанд; Худойе ки инсонро бо ҳикмат ва қудрати хеш биёфарид ва ӯро бар бисёрӣ аз офаридагони хеш бартарӣ дод то Ӯро бишносад ва парастиш кунад. Пас ӯро дар биҳишти хеш маскан дод ва аз ҳар неъмате бархурдор намуд, то он гоҳ ки ӯ бартарӣ ҷуст ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1529/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
https://www.alkhorasani.com/tg/books/