Инсоният дар тӯли таърих ҳамеша кӯшидааст, ки шароити беҳтари зиндагиро барои хеш фароҳам оварад. Асри XXI ба ҷуз аз пешрафти илму техника ва осон намудани ҳалли проблемаҳои шахсӣ ҳамзамон, тавонистааст тазодҳои гуногуни сиёсӣ ва муносибатҳои печида, ҷангҳои байнигурӯҳиву таҳмилӣ ва як қатор нобасомониву нобаробариро ба вуҷуд оварад. Яъне, дар ҳоли ҳозир зиракии сиёсӣ, ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу инсонӣ, талош барои сазовор зистан бештар аз пештар лозим меояд.
Барои давлатҳои хурде, ки қудрату тавоноии камеро соҳибанд, бояд роҳи муборизаи сермасраферо, ки давлатҳои абарқудрат пеш гирифтаанд, созмон диҳанд. Ягона роҳи босамар, бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фарҳанги сиёсии аҳли љомеа, таъмини ҳаёти хубу осоишта ба шумор меравад. Надоштани худшиносӣ, таъмини нокифояи зиндагии инсонро фирефтаи иљрои амалҳои ношоиста мегардонад. Гурӯҳҳои гуногун ва давлатҳои алоҳида маҳз ҳамин нуқтаи заъфи инсонҳоро пайдо карда, онҳоро ба доми худ меоранд.
Дар баробари ин бо истифода аз идеология ва эътиқоди мардум гурӯҳҳои зиёде вуҷуд доранд, ки мақсадашон ба вуҷуд овардани нобасомонӣ ва қатлу куштор гардидааст.
Дар воқеъ, мақсади ягонаи тамоми давлат, идеология, дин ва гурӯҳу равияҳо шароити беҳтареро барои хеш ташкил намудан аст, вале барои амалӣ сохтани ҳадаф роҳу усулҳо фарқкунанда мебошад. Фарқ кардани роҳҳои амалигардонии он ва номувофиқатии байниҳамдигарии қувваҳо боиси ба вуҷуд омадани ихтилофҳо ва ниҳоят ҷангҳо мегардад.
Ба ин монанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ солҳои 90-уми қарни гузашта хатари нобуд шудан таҳдид мекард. Ҳамзамон, гурӯҳҳои мухталиф ва гуногунҳадаф дар дохили як миллати бутун ба вуҷуд омаданд, ки дар навбати аввал ба мувофиқаи байниҳамдигарӣ наомада, боис ба ҷанги шаҳрвандӣ ва дохилӣ гаштанд.
Пушида нест, ки барои аз сари нав ба ҳолати қаблӣ баргардонидани муносибатҳо азму иродаи қавӣ, ҳисси гуманистӣ, ҳувияти баланди миллӣ ва талошҳои бесобиқа лозим меоянд. Миллати тоҷик бо роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин тазодҳо ва муносибатҳои печидаву гуногунҳадаф хотима бахшид.
Имрӯз миёни ҷангҳои сарди сиёсӣ ва тунду тез гардидани вазъи минтақа ва ҷаҳон талошҳо ҷиҳати пойдор мондани миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, расму оин, фарҳанг ва тамаддун ба вуҷуд меояд. Роҳи ягонаи ҳалли ин муаммо баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, таълими беҳтари забонҳои хориҷӣ, беҳтар кардани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон ва ҷиддӣ машғул шудан ба таълим ва тарбияи онҳо мебошад.
Бобобекзода Меҳроҷиддин - мушовири академии факултети филологияи руси ДДЗТ ба номи С. Улуғзода


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев