ҶӮРАБЕК МУРОДОВ КИСТ ? .
81 --- сол муқаддам бо лутфу карам , марҳамату саховат ва хости Аллоҳи бузург тифле тавлид гашт , аз рӯзҳои нахуст муйсафедони Худотарсу ба ор ва кампирҳои нимҷону ҷоннисори деҳа бузургиву истеъдоди ӯро дида гуфта буданд ;
" Боз як ҳоҷӣ Абдулазизи дигар пайдо шуд . . . "
ва ӯро дуои нек доданд , хушбахтона дуояшон мустаҷоб гардид , ин ҳодисаи таърихи бахти бузурги ҳамдеҳагон , ҳамкорон , мухлисону ҳаводорони ҳунари асил , тоҷикону тоҷикзабонон ва сокинони олам гашт ва ҳатто ин пирони рӯзгордида ояндаи некӣ ӯ оламгиршуданашро пеши назар оварда хумор мешикастанд . Ин дафъа низ дурустии гуфтаҳои эшонро ҳаёт шоҳид гашт . Эҳтимол ҳаёт ҳунарманде , ки овози халқаш , созу наво расму оин ва хислату фазилатҳояшро то ба гӯши халқҳои гуногунзабону гуногунмазҳаб , гуногуннаҷоту гуногунақида ин тур устодонаю моҳирона расонида бошад ба ёд надорад , бо калому саломи тоҷикӣ ман " Тоҷикам " гуфтанаш далели гуфтаҳои болоист , мисли Қаҳрамони Тоҷикистон устоди зиндаёд Бобоҷон Ғафуров , ки бо иншои асари оламшумули " Тоҷикон " шӯҳрати ҷаҳони ёфтанд , фарзанди фарзонаи дигари миллат устод Ҷӯрабек Муродов тавонистанд устодонаю моҳирона ва ғолибонаву сарбаландона аз қаъри дарё таърихи санъати тоҷикро пурра омӯхта , на танҳо суруди тоҷикиро ба рӯи об бароварданд балки латофату назокати онро нишон додаву хазинаи таронаҳои тоҷикро бо беш аз 500 нодиракорию ҷонкори , шоҳкориҳо ва савту навои дилнишини хеш афзун намуданд . Ин заҳмату меҳнати сахт , ҷонфидоиву ҷоннисори ва ҷонбозиҳои пай дар пай эшонро маҳбуби оламиён гардонд .
Бинобар ин онҳо аз рӯи муҳаббат Шуморо ҷони ҷаҳон , тоҷи сарон , пири хиради ҳунар , овозхони номвар , амири савту шоҳи суруд , ганҷи адабу нақди тараб , маҷнуну раб , мегӯянд , ки бемуҳобо Шумо арзандаед
Имрӯз зодрузу шодрӯзи ин сипаҳсолори ҳунари овозхони , пири кор , шогирди ҷавонтарини санъат бо шиори " Бо Худо бо халқ ва бо худ " фаъолият менамоянд устоди гаронқадру сулҳпарвари мо устод Ҷӯрабек Муродов аст , шодишарикем , иллоҳо ин садсолаву садсолаҳои дигар канори ҳамдигар бошем , орзӯямон ---- буданатон , хоҳишамон ---- диданатон , меҳратон дар диламон оҳангамо ---- садоятон ва ҷонамон --- фидоятон устодҷон !
Аз ин лиҳоз ифтихормандона ва бо майлу хоҳиши бандоза , самимонаю сидқона , холисонаю иштиёқмандона ва сарбаландонаю ихлосмандона гуфтанием ;
Фидоят ҷон Ҷӯрабек ,
Худо нигаҳбон Ҷӯрабек !
2
Дар бачагӣ орзӯ дошт , ки муаллими забон ва адабиёти тоҷик шавад . . . Ба гуфти худи ӯ , " ҳунарманд шуду хато накард , агар ҳаёт бори дигар такрор мешуду имконият медод боз ҳам касбӣ ҳунармандиро пеша мекард аммо нақшаҳои ҳаётиашро андаке тағьир медоду шароити мусоид шавад сараввал Қуръонро пурра аз бар мекард , ҳамчунин вақтҳои холигиашро барои омӯзиши забонҳои англисӣ , фронсавӣ , ва арабию русӣ сарф мекард . То ки ба англисҳо бо забони англисӣ , ба франсузҳо бо забони фронсавӣ , ба халқҳои араб бо забони арабӣ ва бо руссҳо бо забони руссӣ таронаҳои тоҷикиро тараннум намояд ".Барои ҳамин халқи қадимиву куҳанбунёли мо барҳақ фармуда ;
Зиндагӣ бе орзӯ ширин набуд ,
Зиндагиро орзӯ ширин намуд .
Дар идомаи сухан ӯ оиди ормонҳояш гуфт ;
---- Буду шудама сарф мекардаму падару модарама ба зиёрати ҷойҳои муқаддас мефиристодам ;
---- То ҷон дар бадан доштан қудрату тавоноиамро барои эҷод мебахшидам ;
---- Зеро ба гуфти бузургон ;
" То зи худ норозиям аз худ пӯшаймон нестам . . . "
--- Мекӯшидам , ки ба корҳои некам аз худ номи нек боқӣ гузорам ; ва ғайраҳо .
Вақте сухан дар бораи овозхонҳо меравад дар навбати аввал номи абарустоду абаринсон , нобиғаву мӯъҷизаи Худодод , сарояндаи нотакрору мондагор устод Ҷӯрабек Муродов ба забон меояд . Ба офаридаҳои ӯ бидуни муболиға овозхонии миллии тоҷикро тасаввур кардан душвор . Дар давраи аввали фаъолият , ки алоқаманд бо сароидани сурудҳои устодонаш ихлос ва садоқати хешро ба халқи тоҷику сарзамини Тоҷикистон дигар ҷумҳуриҳо равшан ифода намуд , дар як вақт рӯҳи устодонашро шод намуд ва то ҳол шод медорад , нисбаташон ҳарфҳои муҳаббатбор мегӯяд инҳо шодравон Фахриддин Умаров ва зиндаёд Боймуҳаммад Ниёзов ҳарду ҳам ба Ҷӯрабек тор тӯҳфа кардагӣ ва онро Ҷӯрабек доимӣ бо худ нигоҳ медорад ва чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз менамояд , ва дигар нобиғаҳои ҳунари овозхония номашонро дар консертҳояш бо ифтихор ба забон гирифта дар ҳақашон дуо мекунад . Вай тавонист рӯзгор ва осори бузургмардони олами хирадамонро устодона аз китоб ба савту наво кӯчонд ва ба ин восита ба адабу ҳунари мо хизмати бузурге намуд . Меҳри санъати ниёгон қалби овозхони ҷавонро тамоми умр ором намегузошт .
Бояд гуфт , ки ба фаъолияти эҷоди шуруъ карда камол ёфт , дастовардҳояш асоси пешравиву фатҳи қуллаҳои нав ба нав гардида , таронаҳое , ки ба миллати тоҷик , расму одатҳои он , ватани азизу халқи меҳнаткаш офаридаи оҳангсози тавоно маҳаки асосианд . Ба гуфти худи ӯ , " Инсоне , ки волидон , зодгоҳ ва ватанашро дӯст медорад ӯ тамоми инсониятро дӯст дошта метавонад " . Ҳаминро низ алоҳила метавон қайд кард , ки ӯ ба аҷдоди миллиамон рӯй оварду ҳунармандону ҳамзамонон ва шунавандагону тамошобинони дохиливу хориҷиро ба сайри олам бурд ва осори воқеъан некбинонаи замонавӣ офарид .
Ӯ на танҳо овозхон балки оҳангу навоофар низ мебошад , зиёда аз 500 оҳангҳои дилнишини ӯ , ки ба ашъори шоирони классику муосир офарида шуда аст , ки комёбиҳои ӯянд , ривоҷу равнақи фарҳанг ва ҳунари тоҷик суруду таронаҳояшро бемуҳобо таъмин намуд . Ин таронаҳо бозгуи рӯзгор , саҳм ва мақоми аҳли қаламу ҳунар дар инкишофи маданияти тоҷик ҳикоят мекунад .
Қобилияти эҷодкории падарҳо дар олами адаб ва ҳунар мардони номвар ба шогирдону фарзандон гузашта саъйи фарз дар роҳи идомадиҳии фаъолияти падарон то андозае самараи хуб бахшидааст ва онҳо мисли волидони хеш ба гулшани ҳунари тоҷик қадри тавон тароват бахшидаанд . . .
Натиҷаи ин озору заҳматҳо осор ба бор овард ва суруду таронаҳои тоҷикӣ на танҳо дар ватан яккатоз шуданд ҳатто ба сайри олам баромада оламгир шуданд . . .
. 3
Кулли тамошобинон ва шунавандагон алалхусус мухлисони устод Ҷӯрабек Муродов ба хуби медонанд , ки ҳар як барномаи консертии устод номи худро дорад , мисол ;
Авҷи зуҳал , Маънии зиндагӣ ,.Ҳамеша бо ватан масрур , Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем , Ушшоқи Ҷӯрабек , Мактаби Ҷӯрабек , . . . Ҷӯрабек Муродов кист ? , ва ғайраҳо .
Инчунин ин барномаҳо программаи барнома доранд , яъне бо навбат сурудани сурудҳо ва онро метавон мароми барнома гӯем низ эҳтимол хато нашавад , ана ҳамин маромро устод дар барномаи ҳунари таҳти унвони " Маънии зиндагӣ " шарҳ додаву гуфтанд ;
Дӯстони ҷонии ман , ҷонҳои ширини ман , дӯстони асри 20 ва 21 ман , ҳангоми бо ҳам вохурданамон сараввал бо ҳамдигар салом медиҳем , пас ба Худо нолаю зори карда бо дуо иҷроиши хоҳишу розу ниёзамон ва орзӯю дархостҳоямонро эҳтиромона мепурсем , сони васфи падари ғамхор ва модари меҳрубон мекунем , ситоиши фарзанд менамоем , сурудҳои классики , ошиқонаю рақсиро тараннум карда ҷавонӣ мекунем , Худо хоҳад навбат ба сурудҳои мардуми низ мерасад , ки иншоАллоҳ якҷоя месароем . Вобаста ба ҷабҳаҳои гуфта шуда сурудҳо зам зама карда мешаванд . Яке аз фазилатҳои нодиру нотакрори устод Ҷӯрабек Муродов он аст , ки ҳамешаву доимӣ дар барномаҳо баъди салому паём ибораи " Худо хост , ки мо имрӯз бо ҳам рӯ ба рӯ шавем ва хушбахтона Шумои азиз фалон сол боз маро дастгири мекунетону манам дар навбати худ барои болидадории табъу кайфияти Шумо заҳмат мекашам , муҳимаш он ки ман Шуморо мулзам шуданатонро намехоҳам бинобар ин шабу рӯз сахт меҳнат мекунам , ин таъриф не аз рӯи хоксори набошад ҳам , узр мепурсам , ман бо Шумову Шумо бо ман , Шумо маро барои бештар эҷод кардан даъват мекунетону ман барои тарбияи насли наврас ояндаи миллату меҳан машғулам , ана ҳамин хел мо бо ҳам чун ҳалқа пайвастем , корамон ду тарафа аст чӣ хеле , ки қарсак аз ду даст мебарояд мову Шумо ҳам ҳамдигарро кашолакунон умрро паси сар кардан мегирем иншоАллоҳ . Шумо ба ман илҳом мебахшетону ман барои ин меҳнату заҳмату меҳрубони ва ғамхориатон худамро дар назди Шумо қарздор меҳисобам , меҳру муҳаббат ва самимияту дӯстдории Шумоёни азиз бемуҳобо беинтиҳо аст , ки ҳамин хел ҷаҳонба мухлис дорад биёед барои будани Шумо дӯстони ҷониам як қарсаки обдори Хуҷандча намоем , марҳамат , раҳмат . Хушбахтона вақтҳои охир ибораи " Салому паёму дуруду суруду наво ба ҳамаи Шумо . . . " гуён суханро ҳусни оғоз мебахшанд , устод .
Фазилати дигари зебои устод он аст , ки ҳангоми эълони номи сурудҳо муаллифи онро вирди забон меоранд .
Гуфтан ба маврид аст , ки дар ҳар барномаи консерти на кам аз 20 суруд танин андоз гашта ҳама вақт 3 / 1 он таронаҳои нав эҷодгашта аст ва ин барномаҳо 2 --3 ва ҳатто то 4 соат ҳам идома меёбад .
4
309 . Аз ҳамаи неъматҳои Худодода --- мегӯяд ӯ , нағзтаринаш бо ҳам дидорбинӣ , зеро дар рӯи якдигар дидори Худоро мебинем ;
310 .Яке аз фазилатҳои хуб ва ибратангези ӯ он аст , аз муваффақияту комёбиҳояш ҳеҷ гоҳ қаноатманд нест ;
311 .Ӯ ҳамеша ғолиби мутлақи бозпурсию сурудҳои сол аст ;
312 . Дӯстии Ҷӯрабек --- ҳо бемуҳобо ибратнок аст ;
313 . Шунавандагону тамошобинон мудому пайваста дари дилро барояш боз медоранд ;
314 . Ҳатто дар Афғонистон , Канада , Булғория , Белгия , Эрон , Ҳиндустон , Покистон , Сирия , Ироқ , Австрия , Ливан , Италия , Малта , Кипр , Египет , Ҷопон , Таиланд , Амрико , Исроилу Туркия ва дигар давлатҳо ба санъати волояш борҳо кафкӯбиҳо кардаанд ва ҳатто санъати асили ӯ онҳоро қоил кардааст ;
315 . Ӯ ба он ақида аст , ки бо санъати асил метавон дастовардҳои зиёд умумиҷаҳониро ноил шуд аз қабили сулҳ , муносибатҳои манфиатовари тарафайн ва аз ҳама муҳимаш дӯстии безаволи халқҳои олам ;
316 .Ӯро пайвандгари дирӯз , имрӯз ва фардо мехонанд ;
317 . Ӯст , ки бо даъвату ҳидоятҳояш танҳо дар як барномаи консерти 5 маротиба ба ифтихори аҳли қалам қарсак заданро хоҳиш менамояд ;
318 . Ӯ доим худро дар назди мухлисон , тамошобинону шунавандагон ва халқ қарздор меҳисобад ва ҳеҷ гоҳ онро аз ёд намебарорад ;
319 . Яке аз шиорҳои касбии ӯ " Шахси ҳунарманд агар ҳунарашро дӯст дораду хор накунад ҳеҷ гоҳ зор нахоҳад шуд " , аст ;
320 . Ҳар бандаи Худо барои иҷроиши рисолате офарида шудааст ва ҳар кас кори худаш метавонистагия иҷро кунад нуран ало нур мешавад ;
321 . Ман аслан муаллими забон ва адабиёти тоҷик шудани будам , мегӯяд ӯ , ҳозира касбамро низ метавон муаллимӣ номид ;
322 . Шуғле , ки бо хост ва розигии Худованд ва дуои падару модар оғоз мегардад ҳатман бо барору пурсамар ва шодирасону нишотовар мегардад ;
323 . Агар муҳит фароҳам мешуд солҳои хонандаи мактаб буданам забонҳои англисӣ , франсавӣ , арабӣ ва русси --- ро омӯхта ба ин халқҳо бо забони худашон таронаҳои тоҷикиро месароидам он вақт ман на як Ҷӯрабек балки чор Ҷӯрабек будам ;
324 . Аз ҳунармандони ҷавон танҳо як илтимос дорам шеъри паста нахонанд , меҳнат карда оҳанг меофаранд набояд он ҳам паст бошад , рости гап чизи паста халқи мо қабул надорад ;
325 . Шукри Худо ҷавононамон дорои ҳама чизанд , сурату сирати зебо , овози дилнишину форам , фақат хоҳиш мекардам , ки миқдори сафарҳои ҳунариро афзоянд , худ ба ҳунар рӯй оварданашон аллакай хушбахтии мост ;
326 . Насли ҷавон бояд ҳофизи миллат бошанд на ҳофизи маҳал ;
327 . Мо баъзан ноҳақ аз ҷавонон хафа мешавем , ин айби ҷавонон не , айби худи мо ки онҳоро бо роҳи дуруст ҳидояту даъват накардем ;
328 . Устодони бузург ( Рӯҳашон шоду ёд ва хотираашон ҷовидон гиромӣ бод ) , бе техникаи ҷадид таронаҳоро аз даҳон ба даҳон гузаронида ба мо оварда расониданд , ки ин худ қаҳрамонии онҳост , мо ҳам то тавонистамона онро ба насли имрӯза оварда расонидем , акнун навбат ба ҳунармандони ҷавон ;
329 . Онҳо бояд ин Ватан , Истиқлоли он , сулҳу ваҳдат ва осоишу тинҷиро муҳофиз бошанд , ин дастовардҳо осон ба даст наомадааст . . . ;
330 . Мо Ватана бо рубобу тор муҳофизгар шудем ;
331 . Солҳои пеш халқи мо бо адабиёту фарҳанги асилаш пешқадам буда ҷои намоёнро ишғол мекард ;
332 . Президентамон баъди ҷанги шаҳрванди корҳои ободониро аз 0 сар карданд , ин нақбҳою ин роҳҳоро бинед , вазифаи ҳар яки мо бой кардани ҷумҳурист ;
333 . Ӯ мегӯяд ; моям мисли Шумо як дилу ду гурда дорем ;
334 . Дуоии доимиаш " Иллоҳо миллатам бой шавад " ;
335 . Ман кӯрнамак нестам , мегӯяд ӯ ;
336 . Борҳо дар сафарҳои ҳунари ҳамзабонони мо дар Амрико , Маккаю Мадина ва дигар давлатҳо моро омада зиёрат карданд ба шарофати Ватан доштанамон , мегӯяд ӯ ифтихормандона ;
337 . Забони модариамона мо бояд сахт эҳтиёт кунем , зеро ҷаҳонишавӣ боиси аз байн рафтани миллат ва давлатҳои кӯчак мегардад ;
338 . То ҳол суруди беҳтаринама насароидаам ;
339 . Орзӯҳои амали нашудаам то ҳол боиси афсусхурианд ;
340 . Ҳамаи фарзандҳоямро як хел дӯст медорам аммо баъзеи онҳо бо меҳрубонии фавқуллода ба Шумо наздик мешаванд ;
341 . Сурудҳои дӯстдоштаам ; Дили модар , Падарҷонам , Ҷонписар , Замини сахти кӯҳистон , Ироқи Бухоро , Марги қу ва ғайраҳо ;
342 . Ҷавонҳо набояд ба гапҳои дуруғу беасоси ноқобилу ноодилон гӯш кунанд ;
343 . Дарахти ҳунари халқамон мисли чанорест , ки як шохааш Фалак , як шохааш Роки Бадахшон , як шохааш Рубоиётҳои ошиқонаи водии Зарафшон ва шохаи дигараш сурудҳои классикиву мардумианд ;
344 . Аввалин барномаи " Савту калом " 48 --- сола шуд , муборакамон шавад ;
345 . Ӯ инсонест , ки аввалин шуда " Тоҷикам ман , тоҷикам ман , тоҷикам " гӯён садо баланд карда ба оламиён хабар расонд ;
346 . Ӯ ҳамеша мегӯяд мо ду падару ду модар дорем , падари авваламон Офаридагор , дуйум падарамон падари биологиамон , модари аввалинамон Ватани азиз , модари дуйӯм модари биалогиамон аст ;
347 . Ӯ ҳунарманди оламшумул , хештаншунос , меҳанпарасту сулҳпарвар барои тоҷикону тоҷикистониён ва кулли тоҷикони дунё мебошад ;
348 . Ҳар як маҳфилу мулоқоти ӯ ба муҳибону мухлисон , донишҷуёну омӯзгорон , кишоварзону ва дигар табақаҳои ҷомеъа дарси хубу ибратбахши ахлоқу одоби баланди инсонист ;
349 . Ӯ ягона ҳофизест , ки таваҷҷуҳи аҳли илму адаб , аҳли санъату қаламро то ин андоза ба хеш ҷалб карда тавонист ;
350 . Дилдодагони санъати асил доим дар даҳонашон шаҳдгуфтаҳои ; " Салом эй нигоҳат масарратбахши дилҳову садоят навои ҷонҳо " мебошад ;
351 . Сурудҳои устод Ҷӯрабек гуё мардумро ҳушдор медиҳанд ; ҳоло , ки вақт аст , бояд шитоб кард , бояд ба қадри якдигар расид , ҳамдигарро эҳтиёту эҳтиром кард , магар ҳамин не маънии зиндагӣ ? ;
352 . Ҳар инсон дар зиндагӣ худ як мӯъҷизаи оливу нотакрор ва ангезаи нодирест , вале баъзе бархе чеҳраҳое ҳастанд , ки бо тобишу рангу ҷилои худ ҷозибаи ҳайратафзоеро дороянд ва ғайри ихтиёр нигоҳҳо , ақлҳову ҳушҳо сӯяшон майл мекунанд . Ва яке аз чунин чеҳраҳои тобнок Ҷӯрабек Муродов аст ;
353 . Модараш --- қоматбаланд , кӯшодарӯ , бомаърифат , шеърдон , ҳазлгӯ , баландҳиммату меҳнатдӯсту меҳмондӯст ва хайрхоҳу некандеш , боору номус , буд ;
354 . Ҳама медонем , ки Ҷӯрабек Муродов нисбати падару модараш чун фарзанд хело меҳрубон буд ;
355 . Халқ дар ҳама давру замон ба ҳофизону санъаткорони асил ниёз дорад . Ягон тӯю сур бе онҳо намегузарад . Суруд бошад , худи зиндагӣ аст , навову дарду дили мардум аз созу суруд берун меояд . . . ;
356 . Ҳангоми сурудани ӯ осоиш меёфтанду аз шодӣ ашк мерехтанд . Боз як ҳоҷӣ Абдулазизи дигар ба камол мерасад , мегуфтанд , ки мустаҷоб гашта ;
357 .Ӯ борҳо такрор ба такрор бо ифтихор гуфта ;
" Санъаткор хизматгори халқ аст , ман ҳамеша ҷонибдори дӯстии халқҳоям , сулҳ ва одампарастӣ дину оини ман аст . Агар сулҳ , дӯстӣ ва осоиштагӣ миёни мардум набошад., ман худро ҳаргиз осуда ҳис карда наметавонам " ;
358 , Халқи тоҷик одатан ҷанговар не , вай ҳунарманд аст , ҳунарманд ҷангара намешавад ;
359 ; Ҳаёт ҳодисаҳои зиёдро такрор мекунад , ман дар синни 36 --- солагиам дар шаҳри Москва консерт дода будам ва Ҷонибек ҳам дар ҳамин синну сол яъне 36 --- солагиаш дар Москва консерт дод ; Ва ғайраҳо .
5
Таҷриба нишон медиҳад , ки сурудҳои устод Ҷӯрабек Муродов оламиёнро тарбия мекунаду ҳушдор месозад , то ки ҳамдигарро дӯст дорему эҳтиёт ва эҳтиром намоем , барои ҳамдигар хело ғаниматем , ин даъвати устодро чун пайравони эшон ба роҳбари гирифта бояд мо одату хислатҳои худро баҳри дилҷӯию дилёби , дилдорию дилбардорӣ , дилгуию дилфаҳми , дилнавозию раҳ ба водии дилҳо гирифтанро сармашқи умри азизи хеш созем , шояд фарзанду набера ва абераю чабера аз мо ибрат гиранду давомдиҳандаи мо бошанд . Ва зина ба зина ин амалҳои нек дар ҷомеъа паҳн шудаву моро ба ҷомеаи адолати иҷтимои ҳарчи наздиктар намояд , кош ҳамон вақт ҳам устоди ба ҷон баробари мо бароямон тараннумгар бошанд .
Мудом сафою сахои умри бобаракати устод ва наздиконашон муроди дили мо аст .
Ҷашни устодро муборак мегӯем , дасти холи бардошта дуо мекунему умедворем , ки мудом маслиҳатгар , ҳидоятнамо даъваткунандаи умрамон бошанд , Худованд орзӯҳояшонро баровардаи хайр гардонаду танашонро солим ва бар умрашон рақамҳои 100 --- ҳоро арзонӣ дорад .
Устоди арҷманди мо ҳаштоду яксолагӣ мубораку қаторак бод . Бо шоир ҳамсадо шуда мегӯем ;
Дарахти орзӯят гулфишон бод ,
Дили ту ҳарчи мехоҳад , ҳамон бод .
Агарчи сардмоҳ тавлид гаштӣ ,
Баҳори зиндагиат бехазон бод !
Олимҷон Эрбоев
шаҳри Перми ФР .
24 --- ӯми декабри соли 2023 .


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев