Парвардигоро !!
Ин рузи мубораки Ҷумъаро барои кули
мусалмонҳои руи дунё бо файзу бо баракоту
бо хайр бигардони. Худованд барои беморон
шифои оҷилу комил барои онҳое ки қасди
сафар доранд роҳи сафеду, сафари кутоҳу бобарор насибу рузи бигардони. Ҳамаи лутфу
ҳаракоти мо бандаҳоятро ба даргоҳат қабул
бигардони аз хазонаи рахматат бенасибмон
нагардони. Фарзандони аз чашми падару
модар дури мусофирро дар паноҳат нигоҳбон
боши Парвардигорам...
🌷Рузи саиди Ҷумъа муборак ҳамватанони азиз🌷
🕋🤲🕋🤲🕋🤲🕋
🍃🌹🍃حسبنا الله🍃🌹🍃
2 комментария
48 классов
1 комментарий
134 класса
1 комментарий
27 классов
Зиндагиро роҳ гуфтам чоҳ будаст во дареғ,
Ҳосили буду набудаш оҳ будаст во дареғ.
Орзу кардам ки ман бо ханда созам зиндагӣ,
Хандаамро гиряҳо ҳам роҳ будаст во дареғ...
2 комментария
59 классов
____🌿🍃МашаАллах🍃🌿_____
✨✨Для Намаза нужна лишь вера в Аллаха☝🏻✨
38 комментариев
2.4K классов
Одам (ъ) бо дастури Аллоҳи мутаъол Каъбаи муаззамаро бино ниҳод. Пас аз тӯфони Нӯҳ (ъ) ҳазрати Иброҳим (ъ) ҳамроҳ бо писараш Исмоил (ъ) онро дубора сохтанд. Пас аз сохта тамом кардан, нахуст худашон тавоф карданд ва бо дастури илоҳӣ инсонҳоро низ барои адои ҳаҷ фаро хонданд. Каъбаи муаззама барои ибодат, рукӯъ ва саҷдакунандагон макони бисёр покиза буд ва дар дохили он бут, ҳайкал ва мисли онҳо вуҷуд надошт. Аммо баъдҳо мушрикин бутҳоеро, ки парастиш мекарданд, бо дастҳои хеш дар онҷо ҷойгузин карданд. Зоироне, ки аз дуру наздик меомаданд, барои бутҳо ба қурбонӣ карданро оғоз карданд, ки ба ин тартиб амалҳои ширк интишор ёфтанд.
Каъбаи муаззама дар миёни аъроб ва касоне, ки қадру қимати онро медонистанд, ҷойгоҳи махсус дошт. Аз рӯзе, ки он хона бино шуд, инсонҳо аз дуру наздик ба зиёраташ меомаданд. Онҳое, ки барои зиёрати Каъбаи муаззама ба Маккаи мукаррама меомаданд, онҷо тиҷорат низ мекарданд. Аз он ҷое, ки дар Макка имкони кишти зироат набуд, бинобар ин корвонҳои тиҷоратӣ ба онҷо рафту омад доштанд. Бинобар ин, шаҳри Макка ба макони бисёр муҳими зиёратӣ ва тиҷоратӣ табдил гардида буд.
Ва чунонки волии Яман бо номи Абраҳа таҳаммули боло рафтани обрую эътибори Маккаро надошт, дар Санъо маъбади бузурге бино кард ва ба гирду атроф мунодӣ фиристоду гуфт: “Чаро инсонҳо Каъбаи аъробро зиёрат мекунанд? Минбаъд ба инҷо биёяанд ва ман аз эшон ба хубӣ пазироӣ мекунам”.
Арабҳо ва махсусан қабилаи Қурайш аз кори ӯ бисёр хашмгин шуданд. Чанд нафар аз Бани Канона ба маъбади Абраҳа омаданд ва ӯ аз инки онҳо бинои муқаддасашонро тарк карда, ба маъбади вай омада буданд, бисёр бо гармӣ аз онҳо истиқбол кард. Баъд аз пазироии муфассал онҳоро дар он маъбад меҳмон кард. Субҳ, ки Абраҳа аз вазъият огоҳ шуд, он қадар хашмгин шуд, ки ҳадду ҳисоб надошт. Аз ин рӯ, барои вайрон кардани Каъба лашкари азиме бо саворкорони фил муҳайё кард (идома дорад...).
1 комментарий
3 класса
« Қалби худро бо китоб табобат кунед, зеро ягона доруи қалбҳо хондани Қуръон аст » 🔥🔥🔥🔥🫀🔥🔥🔥🔥