Ҳамди беҳад бар Худои ломакон
Ломакону соҳиби қавну макон
Фурсате бахшид, ба ман бори дигар,
То мани хуниндилу хунинҷигар
Ваҷҳ сӯйи қибла овардам зи нав
Ёди Байтулкаъба овардам зи нав
Хонаи ҷонам зи ту нуронӣ шуд,
Пур зи нури ояти раббонӣ шуд
Аз ҳарими ғусса берун омадам,
Сӯйи он Мавлои бечун омадам
Шояд Ӯ бахшад гуноҳи кардаам
Ҳар хатову иштибоҳи кардаам
Тӯшаи ман ашки чашмони ман аст,
Нолаву фарёду афғони ман аст.
Нек медонам, ки бахшояндаӣ
Дӯстдору меҳрубони бандаӣ
Эй Худои покбозу покбин,
Мағфиратро ҳам ба чашми кам мабин
Ҳар ки ин даргаҳ зиёрат мекунад,
Хонаи дилро иморат мекунад
حمد بیحد بر خدای لامکان
لامکانصاحب کون و مکان
فرصتی بخشید که بار دگر
تا من خونین دل خونین جگر
وجه سوی قبله آوردم ز نو
یاد بیت الکعبه آوردم ز نو
خانه ی جانم ز نو نورانی شد
پر ز نور آیت ربانی شد.
از حریم غصه بیرون آمدم،
سوی ان مولای بی چون آمدم
شاید او بخشد گناه کرده ام
هر خطا و اشتباه کرده ام
توشه ی من اشک چشمان من است
ناله و فریاد و افغان من است
نیک میدانم که بخشاینده یک
دوستدار و مهربان بنده ی
ای خدای پاکباز و پاکبین
مغفرت را هم به چشم کم مبین
هر که این درگه زیارت میکند
خانه ی دل را عمارت می کند
1 комментарий
18 классов
Як зани ҷавон дар боғчаи бачагон мураббия шуда кор мекард. Рузе ӯ машғули пӯшонидани мӯзаҳои писараке буд. Ҳарчанд кӯшиш мекард, аммо пойҳои писарак ба мӯзаҳо намеғунҷид.
Пас зани ҷавон писаракро бағал карда ба болои миз шинонид ва дубора кӯшиши пӯшонидани мӯзаҳоро кард. Билохира баъди чандин бор фишор додану арақ рехтан, мӯзаҳоро ба пои писарак пӯшонид.
Зан аз ҷой бархост ва ҳоло нафаси озод нагирифта буд, ки писарак гуфт:
— Мӯзаҳома чаппа пӯшонидед.
Зан ночор боз бо фишори зиёд ва эҳтиёт шудан, ки писарак аз миз наафтад, мӯзаҳои чаппа пӯшонидаро кашид ва бо ҳамон заҳматҳои зиёд дуруст пӯшонид.
Аммо писарак гуфт:
— Ин мӯзаҳо аз они ман нест.
Зани ҷавон як нигоҳи сард карду гуфт:
— Чи гӯямат охир!?
Ӯ боз мӯзаҳоро бо азоби зиёд аз пои писарак кашид ва пурсид:
— Ин мӯзаҳои кист? Аз худат канӣ?
Писарак гуфт:
— Ин мӯзаҳои бародарам аст, аммо модарам гуфт, ки ҳаминҳоро пӯш, ҳеҷ боке надорад.
Зани ҷавон, ки сахт асабонӣ шуда буд, кӯшиш мекард, ки ором бошад ва мӯзаҳоеро, ки ба пои писарак намеғунҷид, бори сеюм пӯшонид ва оҳи сабуке кашиду гуфт:
— Хуб, ҳоло дастпӯшакҳоят канӣ?
Писарак гуфт:
— Дар даруни музаҳоям буд.)
1 комментарий
11 классов
БАР МУРДАДИЛОН ПАНД МАДЕҲ...
Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи яманӣ нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш маёзор,
Зеро ки Абуҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташзаданӣ нест.
Хушнуд машав, душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.
Садбор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав, эй дуст, ки модар шудани нест.
Мавлоно Ҷалоддини Балхӣ
1 комментарий
11 классов
ЯК ҲИКОЯИ ПАНДОМЕЗ
Муаллиме нақл мекунад: Дар мактаби ибтидоӣ дарс медодам. Муддате буд, бачаҳоро барои як маҳфиле омода мекардам. Падару модарашро ҳам даъват карда будам. Бо бачаҳо чандин маротиба тамрин кардем. Ҳама хуб буд.
Маҳфил шуруъ шуд. Ногаҳон духтаре аз ҷамъ ҷудо шуду ба ҷойи хондани суруди якҷо ба ҳаракатҳои ҳархела шуруъ кард. Дасту по меҷунбонд ва худашро ақибу пеш мебурд ва ҳаракатҳои аҷибе анҷом медод. Дигар бачаҳо ҳам сурудро мехонданд ва ҳам механдиданд. Каме монда буд, ки ба хотири хандаашон ҳама он чизе, ки омӯзонда будам, барбод равад. Ба худ гуфтам: Чаро ин духтар чунин мекунад? Чаро аз рафтораш шарм намедорад? Ин ки қаблан дар мактаб духтари заранг ва оқила буд. Намунаи хубе дар байни бачаҳо буд.
Рафтам рӯ ба рӯяш ва ба сӯяш ишора кардам. Гӯё маро нафаҳмид. Ҳамон қадар асабониям кард, ки ҳатто, оби даҳонамро наметавонистам қурт диҳам. Ба зӯр худамро идора мекардам ва оромона пешаш рафтам. Аммо ӯ дуртар рафту ҳамоно чунин нағмаҳояшро идома медод. Саҳна пур аз одам буд, ҳама механдиданд. Нигоҳам ба мудири мактаб афтод, рангаш иваз шуда буд. Аз асабоният ва шарм аз сару рӯяш арақ мерехт. Аз ҷояш бархост ва ба наздам омад, сарашро наздик овард ва бо ғазаб гуфт:
- Чаро ин духтар чунин мекунад?
Ман ҷавобе надоштам. Модари духтар дар канорам буд. Ба тамом механдид ва пештар рафта, кафкӯбӣ мекард. Духтарак ҳам бо ташвиқи модар гармтар аз пештар шуда буд. Ҳамин ки суруд тамом шуд, бо қаҳр ба саҳна рафтаму бозуи духтарро гирифтам ва гуфтам:
-Чаро ин коро кардӣ? Чаро бо рафиқонат суруд нахондӣ?
Духтарак ҷавоб дод:
-Охир модарам инҷост, барои модарам ин корро мекунам! Ман, ки сахт ғазабнок будам, гуфтам:
-Охир намебинӣ, ҳама мисли ту падару модарҳояшон инҷост? Чаро онҳо чунин накарданд ва худро мисли ту шарманда насохтанд?
Дидам, ки дар чашмонаш ашк пайдо шуд ва гуфт:
-Муаллим, сабр кунед, бигзор, модарам хабардор нашаванд. Модари ман мисли дигар модарҳо нестанд. Модари ман кар ва лол аст. Намешунавад ва ман бо ҳаракатҳоям шодӣ ва калимоти зебои сурудро барояш мефаҳмондам, то ӯ ҳам мисли ҳама модарон шодиро ҳис кунад, ин кори ман рақсу пойкӯбӣ набуд, ин забони ишора аст, забони кару лолҳо.
Ҳамин ки ин суханонро гуфт, мисле, ки зонуҳоям карахт шуд. Худамро дошта натвонистам. Духтаракро дар оғӯш гирифта, дар ҳоле, ки ашкам мерехт, ба ӯ таҳсин гуфтам:
- Офарин, духтарҷон! Ту беҳтарини ин саҳна будӣ.
Модараш, ки дар як кунҷи саҳна менишаст, аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Як лаҳза ҳама хомӯш монд. Ба гӯши ҳамдигар гап мезаданд ва сипас, ҳама кафкӯбӣ карданд. Чун ҳама аз вазъ огоҳ шуданд, мисли ман зудқазоваткардаҳо ба гиря даромаданд.
Аз ҳама ҷолибтар ин ки мудир омада, унвони донишомӯзи намунавиро ба ӯ тақдим намуд. Духтарак дасти модарашро гирифту пеш-пеши модараш ҷасту хез мекард, то модарашро шод кунад.
Дарси ин ҳикоя ин аст, ки зуд асабонӣ нашавем. Сабр дошта бошем ва барвақт қазоват накунем!
"Маърифати омӯзгор"