Предыдущая публикация
РАВШАНИ  ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)ШАРИПОВА Г✍️

РАВШАНИ ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

25 нояпредложила 
ШАРИПОВА Г✍️

Қиссаи сири осоиштагии оила

Зан ва шавҳар қариб 60 сол якҷоя зиндагӣ карданд. Дар тамоми он солҳо онҳо ҳеҷ чизеро аз ҳамдигар пинҳон накарданд, ба ҷуз як сирри хурд.
Ин сирр дар болои ҷевони хона пинҳон шуда буд — як сандуқчаи хурд, ки ҳамеша аз он беэътибор мегузаштанд. Акнун, ки зан пир шуда, тақрибан вақти рафтанаш фаро расид, қарор кард сирри худро ба шавҳараш ошкор кунад. Бо меҳрубонӣ ба ӯ гуфт:
– Азизам, лутфан сандуқчаро биёвар.
Шавҳар сандуқчаро овард ва онро кушод. Дар дохили он ду лӯхтакчаи зебо бофташуда ва як даста пул — 25,000 доллар қарор дошт.
Бо тааҷҷуб пурсид шавҳар:
– Ин чист, аз куҷо пайдо шуд?
Зан бо лабханд ва муҳаббат ҷавоб дод:
– Азизам, ин сирри зиндагии хушбахтонаи ман аст. Рӯзи тӯйи арӯсиям, модарам ба ман насихат карда буд: "Ҳар вақте, ки аз ҳамсарат ранҷиш ё сарзаниш ҳис кардӣ, ҳеҷ гоҳ баҳс макун, балки лӯхтакча бибоф."
Пирамард бо ашки шодӣ дар чашмонаш дид, ки дар сандуқча танҳо ду лӯхтакча буд. Сипас пурсид:
– Пас, бигӯ, ки ин пулҳо аз куҷо пайдо шудаанд? Наход, ки ин маблағ аз пулҳое бошад, ки ту аз харҷи хонаводагӣ сарфа карда, ҷамъ намудаӣ..?
Зан бо лабханд гуфт:
– Ин пулҳоро ман аз фурӯхтани лӯхтакчаҳо ҷамъ кардаам...
Нуктаи ибрат: Дар тӯли 60 сол шавҳараш танҳо ду бор ҳамсарашро ранҷондааст, ки ин нишонаи муҳаббати ҳақиқӣ ва зиндагии осуда аст.
☝️. Пайғамбари Акрам (с) фармудаанд:
"Беҳтарин аз шумо касест, ки ба оилааш беҳтарин рафтор кунад."
(Ибн Ҳиббон)
☝️ Ҳадиси дигар мегӯяд:
"Ҳар кӣ духтар ё занашро эҳтиром кунад ва бо меҳрубонӣ муносибат намояд, Худованд ӯро баракат медиҳад."
(Тирмизӣ)
Аз ҳамин рӯ, муҳаббат ва сабр дар оила, эҳтиром ба ҳамсар ва оромӣ дар муносибатҳои ҳаррӯза калиди хушбахтӣ ва баракат аст.

Қиссаи сири осоиштагии оила - 5375913764324

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
РАВШАНИ  ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

РАВШАНИ ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

ЛентаТемы 16 992Фото 14 693Видео 992Участники 7 883
  • Подарки
Левая колонка
Всё 16 992
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться