Предыдущая публикация
РАВШАНИ  ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)ШАРИПОВА Г✍️

РАВШАНИ ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

25 нояпредложила 
ШАРИПОВА Г✍️

Мусулмон ва инсони боимон

(ду унвони монанд, аммо ду ҳақиқати комилан фарқкунанда)
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки «мусулмон будан» ва «боимон будан» як чиз аст, аммо Қуръон аз ҳамон оғоз хатте миёни ин ду мекашад, хатти равшан ва дақиқ.
Ин ду вожа шабеҳи ҳаманд, аммо ду дунёи тамоман ҷудоро нишон медиҳанд:
Яке «зоҳир», дигаре «ботин».
Яке «ном», дигаре «ҳақиқат».
1. Мусулмон будан чист?
Мусулмон будан яъне:
• қабул кардани як ҳувият
• ворид шудан ба як ҷомеа
• қабул кардани як қонун
• доштани як ном
Ин ҳолат метавонад бе огоҳӣ ва бе таҷрибаи қалбӣ низ рух диҳад.
Инсон метавонад:
• мусулмон ба дунё биёяд
• ба хотири оила мусулмон бошад
• аз тарси ҷомеа ё аз рӯи одат мусулмон бимонад
• амалҳои динӣ анҷом диҳад, бидуни он ки ҳақиқатро фаҳмида бошад
«Ислом» аз решаи «салм» аст. Яъне таслими зоҳирӣ, вуруд, оғоз.
Пас, мусулмон будан "оғоз" аст, на "натиҷа".
2. Имон чист?
Имон ҳолати дарунӣ аст, на иҷтимоӣ.
Имон як таҳаввули вуҷудӣ аст, на танҳо эътирофи забонӣ.
Имон яъне:
• шинохти амиқ
• яқин бидуни шубҳа
• дидани ҳақ бо чашми дил
• нур дар қалб
• бедории ботин
• ахлоқи зинда ва равшан
• таслими воқеӣ, на зоҳирӣ
• пайваст ба Худо аз рӯи фаҳм, на тақлид
Имонро наметавон аз падару модар гирифт
имонро ҷомеа тӯҳфа карда наметавонад
имонро танҳо метавон сохт
Имон яъне таҳаввул, на тақлид.
3. Қуръон худ ин фарқро эълон кардааст
«Аъроб гуфтанд: мо имон овардаем;
бигӯ: шумо имон наёвардаед, танҳо ислом овардаед.» (Сураи Ҳуҷурат, ояти 14)
Ин оят як инқилоби фикрӣ меорад:
Ҳар мусулмон мӯъмин нест
Ҳар мусулмон боимон нест
Ҳар мусулмон аҳли яқин нест
Ислом — «вуруд» аст.
Имон — «равшан шудани чароғи дарун».
4. Мусулмон будан аз берун меояд, имон аз дарун
Мусулмон будан метавонад натиҷаи оила, ҷомеа, фарҳанг, тарс, одат, сиёсат ё фишори иҷтимоӣ бошад.
Аммо имон танҳо аз роҳҳои зерин ба вуҷуд меояд: илм, тафаккур, фаҳм, тадаббур, яқин, поксозии дил, таҷрибаи нур, сидқ ва ростии ботин...
5. Мусулмон бо забон мусулмон мешавад, мӯъмин бо дил
Мусулмон мегӯяд: «Шаҳодат медиҳам…»
Аммо имон замоне аст, ки ин шаҳодат аз дил бархезад, на аз забон.
Забон метавонад тақлид кунад, дил, ҳеҷ гоҳ.
Аз ин рӯ Қуръон мӯъминонро «сиддиқ» мехонад. Чун имон сидқ мехоҳад, на танҳо гуфтори зоҳирӣ.
6. Мусулмон зиёд аст, инсони боимон кам
Ин ҳақиқати талх, вале воқеист:
• миллионҳо мусулмон
• аммо мӯъмин ангуштшумор
Чаро?
Зеро имон:
• илм мехоҳад
• яқин мехоҳад
• ахлоқ мехоҳад
• покӣ мехоҳад
• муборизаи нафс мехоҳад
• нур мехоҳад
• қалби пок мехоҳад
7. Мусулмон будан метавонад тасодуфӣ бошад, имон, ҳеҷ гоҳ
Мусулмон будан гоҳе натиҷаи таваллуд, муҳит, насаб, гузарнома ва фарҳанг аст.
Аммо имон танҳо аз роҳҳои фаҳм, огоҳӣ, бедорӣ, муборизаи ботинӣ ва таҷрибаи рӯҳӣ ҳосил мешавад.
Мусулмон будан, поёни кӯҳ истодан аст, аммо боимон будан, ба қулла расидан.
8. Мусулмон масҷид месозад, мӯъмин, қалбашро таъмир мекунад
Мусулмон метавонад:
• намоз хонад
• рӯза бигирад
• ҳаҷ равад
• Қуръон бихонад
Аммо қалбаш ҳанӯз метавонад:
• дурӯғ гӯяд
• зулм кунад
• ҳасад варзад
• риё кунад
• кинна дошта бошад
• муомилаи нопок кунад
Имон яъне пок шудани дил аз инҳо.
9. Хулосаи ниҳоӣ ва ларзанда
Мусулмон будан як ном аст;
боимон будан як низом.
Мусулмон будан осон аст;
боимон будан душвор.
Мусулмон будан бо забон аст;
боимон будан бо ҷон.
Мусулмон будан оғоз аст;
боимон будан мақсад.
Мусулмон будан пӯст аст
боимон будан мағз.
Мусулмон ҷисмро ба ҳаракат меорад
имон рӯҳро зинда мекунад.
Мусулмон будан аз замин оғоз мешавад
боимон будан то осмон боло меравад.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

Мусулмон ва инсони боимон - 5375913526500

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
РАВШАНИ  ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

РАВШАНИ ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

ЛентаТемы 16 992Фото 14 693Видео 992Участники 7 883
  • Подарки
Левая колонка
Всё 16 992
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться