Пиразан, ки бедор буд, ӯро садо зад ва гуфт: Писарам, аз чеҳраат маълум, ки ҷавони хуб ҳастӣ ва аз ночорӣ дуздӣ мекунӣ. Он ашёи вазнинро мон. Биё ин ангуштарҳои тилоро ба ту диҳам, фақат пеш аз он, хобиеро, ки ҳамин ҳоло дидам, таъбир кун.
Дузд пурсид: Хуб, чӣ хоб дидаед?
Пиразан гуфт: Хоб дидам, ки ҳама аҳли маҳалла дар як боғи калон медавидем. Ман ба дохили ҷӯй афтодам ва барои кӯмак бо овози баланд писарам Абудро фарёд мекардам:
Абдууууууу!
Абдууууууу!
Биё кумак кун!
Дар ҳамин лаҳза писараш Абду аз хоб бедор шуд ва мисли барқ аз ошёнаи боло ба поён омада, дуздро дастгир карду шурӯъ ба задан намуд.
Пиразан гуфт: Бас аст писарам, дигар, назан.
Дузд гуфт: Бигзор бизанад. Охир дуздро чиву таъбири хоб кардан чи. ) t.me/azharzoveya

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев