Дилам пазмони дастурхони модар,
Фатиру кулчақанду нони модар.
Даво буд косаи ҷурғоти нармаш,
Сафо буд маскаву айрони модар.
Палавро мепазид бо майли хосе,
Ки дилҳо гашта буд майлони модар.
Аҷоиб мантуву тушбера мебаст,
Бигӯи гул сари гулдони модар.
Чи гӯям аз қурут-оби лазизаш,
Вуҷудам гашта буд қурбони модар.
Шакар-обаш агарчи бе шакар буд,
Асал буд ҳосили дастони модар.
Зи оши туппаву оши бурида(ш)
Музайян буд ҳамеша хони модар.
Чу гандумкӯчаву ӯмочу кочи(ш)
Шифо буд ҳулбаву райҳони модар.
Надидам мисли ӯ кайбонуеро,
Агар дидам, набуд ҳамсони модар.
Агарчи чирадастоне зиёданд,
Набошад лек чун дастони модар.
Ҳама навъи таомаш лаззате дошт,
Ҳунар буд ҷумла ангуштони модар.
Ҳамеша накҳате аз меҳр медод,
Танӯру дегу оташдони модар.
Муродӣ, аз куҷо ёбам дигар бор,
Суроғи нону дастурхони модар.
Басо аз лаззати дунё чашидам,
Намеарзад ба ними нони модар.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 24.10.2025

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев