Чун ҳаво гарм буд, гуфтам: Ака, кондисионер кор мекунад?
Гуфт: Кор мекунад, аммо мехоҳам ранҷи он заҳматкашонеро, ки имрӯзҳо дар чунин ҳавои гарм пахта мечинанад, дарк намоям.
Гуфтам: Бақлашкаат об дорад?
Гуфт: Надорад, чун мехоҳам мушкили мардуми садҳо деҳаеро, ки оби тозаи нушиданӣ надоранд, эҳсос кунам.
Гуфтам: Лоақал ягон мусиқӣ гузор, ки хиёламон ба он банд шаваду гармӣ ва ташнагиро эҳсос накунем.
Гуфт: Мусиқӣ дорам, аммо ҳоло бояд ахборро гуш кунам.
Ман ҳам сокит шудам ва чизе нагуфтам.
Вақте пиёда шудам, дарро бастаму ба роҳам идома додам.
Гуфт: Роҳпулиатро намедиҳӣ?
Гуфтам: Намехоҳӣ вазъияти нафақахӯронеро дарк намоӣ, ки ду моҳ боз нафақаашонро нагинифтаанд? ))

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1