Предыдущая публикация
РАВШАНИ  ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)ШАРИПОВА Г✍️

РАВШАНИ ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

7 октпредложила 
ШАРИПОВА Г✍️

Як зани ҷавон дар боғчаи бачагон мураббия шуда кор мекард.

Рузе ӯ машғули пӯшонидани мӯзаҳои писараке буд. Ҳарчанд кӯшиш мекард, аммо пойҳои писарак ба мӯзаҳо намеғунҷид.
Пас зани ҷавон писаракро бағал карда ба болои миз шинонид ва дубора кӯшиши пӯшонидани мӯзаҳоро кард. Билохира баъди чандин бор фишор додану арақ рехтан, мӯзаҳоро ба пои писарак пӯшонид.
Зан аз ҷой бархост ва ҳоло нафаси озод нагирифта буд, ки писарак гуфт:
— Мӯзаҳома чаппа пӯшонидед.
Зан ночор боз бо фишори зиёд ва эҳтиёт шудан, ки писарак аз миз наафтад, мӯзаҳои чаппа пӯшонидаро кашид ва бо ҳамон заҳматҳои зиёд дуруст пӯшонид.
Аммо писарак гуфт:
— Ин мӯзаҳо аз они ман нест.
Зани ҷавон як нигоҳи сард карду гуфт:
— Чи гӯямат охир!?
Ӯ боз мӯзаҳоро бо азоби зиёд аз пои писарак кашид ва пурсид:
— Ин мӯзаҳои кист? Аз худат канӣ?
Писарак гуфт:
— Ин мӯзаҳои бародарам аст, аммо модарам гуфт, ки ҳаминҳоро пӯш, ҳеҷ боке надорад.
Зани ҷавон, ки сахт асабонӣ шуда буд, кӯшиш мекард, ки ором бошад ва мӯзаҳоеро, ки ба пои писарак намеғунҷид, бори сеюм пӯшонид ва оҳи сабуке кашиду гуфт:
— Хуб, ҳоло дастпӯшакҳоят канӣ?
Писарак гуфт:
— Дар даруни музаҳоям буд.)

Як зани ҷавон дар боғчаи бачагон мураббия шуда кор мекард. - 5374912835300

Комментарии 1

A B D U L O V A
A B D U L O V A
12 окт
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    РАВШАНИ  ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

    РАВШАНИ ДАР ШАБИ ТОР( Шарипова 🌿)

    ЛентаТемы 16 991Фото 14 693Видео 992Участники 7 883
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 16 991
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться