7 комментариев
    10 классов
    🌙Шабатон ба хайр!🌙🌙 _ 💫Сабр дар дардҳо ва сахтиҳо поккунанда аст. _ ✨Амалҳо ба ният вобастаанд. _ 🌟Комилтарини мӯъмин дар имон он кас аст, ки ахлоқи хубтар дошта бошад. _ 🌙Ҳалол равшан аст ва ҳаром равшан аст… _ 🌹Касе бар Худо таваккал кунад, Худо ӯро кифоят мекунад. _ 🌿Меҳрубонӣ ҳар чизеро зебо мекунад… _ 🌷 Табассум ба рӯи бародарат садақа аст. _ 🍂 Касе ки ба Худо ва Рӯзи Қиёмат имон дорад, пас неку гап занад ё хомӯш бошад. _ 🌺 Ростӣ ба некӣ мебарад ва некӣ ба ҷаннат мебарад. _ ✨Аз беҳтарин амали мусулмон он аст, ки мардум аз забон ва дасташ дар амон бошанд. _ 💫 Сабри ҳақиқӣ он аст, ки инсон ҳангоми фоҷиа ё мушкили аввалин вокуниши худро идора кунад. 🌹🌿🌹🌿🌹🌿🌹🌿🌹🌿🌹🌿🌹
    112 комментариев
    7 классов
    ✨СУБҲУ РУЗАТОН БА ХАЙР!✨ __✨Мегyянд: __ Саломи Сyбҳ тиллоитарин калид барои вyрyд шyдан ба қалбҳост. Пас самимитарин Саломи банда тақдим ба Шyмо Дyстон ! Умедворам, тyлyъи имрyз оғози хyшиҳоятон бошад. Парвардигоро: - Ғамy ғyсса! - Баловy мyсибат! - Дардy ранҷ! - Миннатy тyҳмат! - Нороҳативу заифиро аз хонадони ҳар яки мо дyр гардонад! 🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲
    155 комментариев
    18 классов
    🥀Қаҳрамоне, ки гиряашро касе намебинад!🥀 _✨Ривоят мекyнанд, ки дар як оила тифле таваллyд мешавад, вале ҳанyз бyи ширини зиндагиро начашида, ба қазои Илоҳӣ таслим мегардад. Ҳар боре модари ҷигарсyхта нола мекyнад, аз оҳy фиғони y осмонy замин ба гиря меояд, аз абри осмон беист ашк мерехт, кyҳҳо ба ларза меафтоданд, дарёҳо тyфон мехестанд... __Вале шавҳар, падари тифл хомyш. Ашке намерехт аз чашмонаш. Сар ба поин, чyн ҳайкали ғам дар ҷояш меистод. Сyкyт... Солҳо мегyзашт... фарзанди ёздаҳyми хонадон, ки ҳамагӣ се сол дошт, боз дар оғyши падарy модар ҷон ба ҳақ месyпорад. Модар навҳа мекашид, тамоми мавҷyдот гӯё бо y ҳамовоз мегиристанд. Ниҳоят, модар тоқаташро гyм кард: Эй шавҳарам! Охир тy ҳам инсонӣ? Ин қадар ҷигарпораҳоят рафтанд, вале тy чаро ашк намерезӣ? Чаро ин қадар сангдилӣ? Ба гиребони шавҳараш мечаспад... мард бо як такон ба замин меафтад... ва дар ҳамин ҳол рyҳаш ба осмониён мепайвандад.. Бечора падар, ашк нарехта бошад ҳам, ҳамаи ҷигараш даруни синааш сyхтавy тамом шyда бyдааст... ✨Падар ҳам ашк дорад вале пинҳонӣ. ✨Падар ҳам дард дорад вале ба забон намеорад. 💫Падар - деворе, ки бар хyд обод мекyнад, бар хyд месyзонад. 🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀 🌹noz🌹
    4 комментария
    23 класса
    ___🌹🌹🌹🌹__ _✨Занонро дyст доштан - Сyннат аст. Ҳимоя кардан - Воҷиб аст. Зyлм кардан - Ҳаром аст . Хyрсанд кардан - Савоб аст. 🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀 ҲАР КИ ЗАНРО ЗАН БИГУФТУ ХОР КАРД. БЕ МУҲАББАТ КОРИ ХУД,ДУШВОР КАРД. ЗАН БУВАД ДАР ЗИНДАГӢ МИСЛИ ФАЛАК, МЕРАСАД ОҲАШ БА ЗУДИ ТО ФАЛАК. ЗАН НАБОШАД ЗИНДАГОНӢ ШАРТ НЕСТ, ҲАР, КИ БЕ ЗАН ЗИСТ НОМАШ МАРД НЕСТ. 🌹Зан Модар🌹, ✨Зан хоҳар✨, 🌿Зан хамсари дилсӯз аст🌿 ба қадраш расед.
    4 комментария
    25 классов
    ‎Он ғунча ки нашкуфт ба гулистон шаби мост, ‎Коме ки раво намешавад матлаби мост. ‎Дар ишқ ду чиз аст,ки поёнаш нест, ‎Аввал сари зулфи ёру охир шаби мост ! ‎
    1 комментарий
    6 классов
    🌒⭐🌒🌠🌒🌠🌒🌠🌒🌠🌒🌠🌒🌠🌒🌠🌒 Ассалому алайкум..... ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙР ! Шаби зебову хубе дошта бошед , дар ҳалқаи пайвандон..... Шаби бе ғам , шаби бе дард ... Шаби бе хавотирӣ .... Шаби тинҷу ором.... Шаби дур аз фикрҳои беҳудаву бефоида... ШАБИ ХУШ ! ✨🎆✨🎆✨🎆✨🎆✨🎆✨🎆✨🎆 ПАНДИ ШАБОНА ❗Ба насиҳатҳои зер тадаббур кунем ва ба худ қавл диҳем, ки ба онҳо амал мекунем. ▪️ Рӯзатро бо намози субҳ ва азкори субҳ оғоз кун, то муваффақиятро ба даст оварӣ. ▪️Ҳамеша истиғфор бихон, то шайтон ба гунае аз ту ноумед шавад, ки ба ҳадди худкушӣ бирасад. ▪️Дуоро қатъ накун, чун он таноби наҷот аст. ▪️Ҳамеша баёд дошта бош, ки фариштагон суҳбатҳо ва амалҳои туро менависанд. ▪️Ҳамеша хушбин бош, агар чи зери тӯфонҳои тезу тунд бошӣ. ▪️Вақте ғаму андӯҳ бар ту ҳуҷум кард, калимаи "Ло иллоҳа иллаллоҳ" - ро зиёд бихон. ▪️Ва воситаи пулҳоят дуо ва муҳаббати фақирону мискинонро бихар. ▪️Саҷдаи тулонии бо хушӯъ, бисёр беҳтар аз қасри боҳашамат аст. ▪️Қабл аз ин ки суханеро ба забон оварӣ, дар мавриди он фикр кун, чун бисёр аз суханон кушандаанд. ▪️Аз дуои мазлумон ҳазар кун. ▪️Бо нафси худ ҷиҳод кун, зеро нафси саркаш инсонро ба кори бад амр мекунад. ▪️Дастони падару модаратро бибус, то ризои онҳо ва Худовандро ба даст оварӣ. ▪️Либосҳои куҳна ва қадимаи ту назди фақирон нав ва қиматанд. ▪️Роҳи иҷобати дуоро ба василаи гуноҳ мабанд. ▪️Аз гумонҳои бад бипарҳез, ҳам худат роҳат мешавӣ ва ҳам дигарон аз дасти ту озор намебинанд. ▪️Маҳруми воқеӣ касе аст, ки аз намози бохушӯъ ва чашмони гирён маҳрум аст. ▪️Аз касе, ки ғайбати туро кардааст, гузашт кун, зеро ӯ некиҳояшро ба ту бахшидааст. ▪️Баҳсҳо ва суханони беҳударо тарк кун, зеро ту корҳои нокардае ба монанди кӯҳ дорӣ.....(?) 🌠🌌🌠🌌🌠🌠🌌🌠🌌🌠🌌
    102 комментария
    14 классов
    Дар қадимулайём, дар миёни як қавми кӯчманчӣ марде мезист, ки бо модари пираш, завҷааш ва кӯдаки хурдсолаш рӯз мегузаронид. Модараш он қадар пир шуда буд, ки гоҳ-гоҳ ҳушаш гум мешуд ва писарашро чунон сахт ба оғӯш мегирифт, ки мард дар назди мардум худро нороҳат ҳис мекард. Аз ҳамин рафтори модар шарм медошт. Рӯзе қавм қарор кард, ки саҳар аз он ҷо кӯч банданд. Мард ба ҳамсараш гуфт: — Занак, пагоҳ аз ин ҷо меравем. Ман қарор кардам, ки модари пирамро дар саҳро гузорам ва худамон равем. Ба назди модар каме хӯрок мон. Ман корҳои бисёр дорам, вақт надорам. Ин суханамро иҷро кун! Модари корношоямро дигар ҳамроҳам намебарам. Занаш гуфт: — Хуб, хоҷам… чӣ тавре мегӯед. Саҳар, ҳанӯз торик буд, ки ҳама ба роҳ баромаданд. Мард модарашро дар миёни саҳро гузошта, бо қавм ҳаракат кард. Нисфирӯзӣ, вақте қавм дар ҷое дам гирифт, мард ба занаш гуфт: — Писарамро биёр, имрӯз ҳанӯз ӯро надидаам. Зан ором ҷавоб дод: — Писарат нест. Мард ваҳмида пурсид: — Чӣ тавр нест? Куҷо шуд писари яксолаи ман?! Зан қатъий гуфт! — Писаратонро бо модаратон гузоштам. Фарзанде, ки рӯзе падару модарашро дар саҳро мепартояд, ба мо лозим нест. Бигзор бе фарзанд гардем, вале рӯзе хӯроки ҳайвоноти ваҳшӣ нашавем. Ин сухан мисли барқ ба дили мард зад. Дилаш лаҳзае аз задан монд. Ба худ омад, аспро савор шуду давида роҳеро, ки ним рӯз тай карда буданд, ба як нафас бозпас омад. Одатан вақте ки кучманчиҳо аз ҷойе мерафтанд, ҳайвонҳои ваҳшӣ аз паси онҳо меомаданд, то аз боқимондаҳои хӯрокашон чизе ёбанд. Вақте расид, аз дур дид, ки галаи гургон модару кӯдакашро иҳота кардаанд. Модари пираш кӯдакро ба оғӯш фишурда, бо тамоми қувват фарёд мезад: — Даф шавед! Ман инро ба шумо намедиҳам! Ин фарзанди ҷигарбанди ман аст! Даф шавед!! Мард бо тамоми кувват аспро тозонд, ба гургон ҳамла кард, якеро парронду дигарон аз қаҳру ҷасорати ӯ тарсида гурехтанд. Вай аз асп фаромада, модарашро ба оғӯш кашид: — Модарҷон, маро бубахш! Ман нокасӣ кардам… Пас модар ва кӯдакро ба қавмаш баргардонд. Мард аз донишмандии завҷааш шукрона кард , ки ӯро ба роҳи рост овард. ПАНД Модар ганҷи беҳамто аст. Модар нурест, ки Худованд барои роҳати дилҳои мо офаридааст. Пирии модар норасоӣ нест — ин неъмати Худост, ки ба мо имкони хизмат, сабр ва меҳрубонӣ меомӯзад. Модар — раҳмати Худост дар рӯи замин. Пирии модар бори гарон нест — бори неъмат аст. Он дастҳое, ки имрӯз меларзанд, як умр барои мо кор кардаанд. Он чашмоне, ки имрӯз хуб намебинанд, солҳо ба мо бо муҳаббат нигариста буданд. Ҳар касе модарашро эҳтиром кунад, рӯзияш файз меёбад. Ҳар касе дили модарашро шиканад, рӯзаш сиёҳ мегардад.Пирсол шудан маънои корношоям шудан нест. Пирсол шудан маънои он дорад, ки Худо ба ту имконият додааст ба гузаштаат хизмат кунӣ. Ба он касе, ки туро бузург кард. Модар дар пирӣ мисли кӯдак нозук мешавад. Қувваташ кам мешавад, вале муҳаббаташ ҳамон муҳаббати аввал мемонад — муҳаббати поки беғараз. Модарро нигоҳ доред, то Худо шуморо нигоҳ дорад. Модарро эҳтиром кунед, то фарзандонатон шуморо эҳтиром кунанд. Модарро дӯст доред, то муҳаббати Худо дар дили шумо равшан бимонад... Гулчеҳра Ҳомидова
    2 комментария
    11 классов
    🍁🍁🍁🕌🕌🕌🍁🍁🍁🕌🕌🕌🍁🍁🍁🕌 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ...... СУБҲИ ҶУМЪАИ САИД БА ХАЙРУ ХУШӢ ВА БОБАРОРУ БОБАРАККАТ БОШАД....🤲                     Худоё....🤲 Tақво бидеҳ , Худотарсӣ бидеҳ , аъмоли солеҳ бидеҳ , ки дар он бидъат набошад ... Ҳидоят бидеҳ , ки дар он гумроҳӣ набошад.... Худоё фарҷоми нек , саранҷоми неку обру бидеҳ.... Ин дунёву қиёммати моро обод бидор...🤲 ХАЙРУ БАРАКОТИ ҶУМЪАИ САИД НАСИБАТОН....🤲 🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍🕍
    117 комментариев
    22 класса
    🌑🌗🌑🌗🌑🌗🌑🌗🌑🌗🌑🌗🌑🌗🌑🌗🌑 АССАЛОМУ АЛАЙКУМ .... ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙРУ ХУШӢ ! БАРОИ ҲАМАИ ОНҲОЕ , КИ ЯК ДАРДИ БУЗУРГЕ ДАР ГӮШАИ ДИЛАШОН ПИНҲОН АСТ... БАРОИ ТАМОМИ МАРИЗҲО ВА БАРОИ ОНҲОЕ , КИ МУШКИЛӢ ХАСТААШОН КАРДААСТ.... ХУДОЁ , УМЕДАМОН БА ЛУТФИ ТУСТ НОУМЕДАМОН НАКУН ....🤲 ХУДОЁ ! САЛОМАТИРО ДАР ҶИСМУ ҶОНИ АЗИЗОНУ ДУСТОНИ МАН ХАМЕШАГӢ БИДОРУ ШОДИРО СОКИНИ ХАМЕШАГИИ ҚАЛБҲОЯШОН БИНМО.....ОМИН.....🤲 ШАБАТОН ДАР НИГОҲИ МЕҲРУБОНИ АЛЛОҲ ! 🌌🌌🌠🌠🌌🌌🌠🌠🌌🌌🌠🌠🌌🌌🌠🌠🌌...
    100 комментариев
    14 классов
Фильтр
Закреплено
  • Класс
Фото
Фото
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Фото
Фото
  • Класс
Показать ещё