Предыдущая публикация
" ДАРЁИ  МАЪРИФАТ"   (Муродии Хатлони)МУРОДИИ ХАТЛОНӢ

" ДАРЁИ МАЪРИФАТ" (Муродии Хатлони)

26 октпредложил 
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ

***ДАСТУРХОНИ МОДАР***

Дилам пазмони дастурхони модар,
Фатиру кулчақанду нони модар.
Даво буд косаи ҷурғоти нармаш,
Сафо буд маскаву айрони модар.
Палавро мепазид бо майли хосе,
Ки дилҳо гашта буд майлони модар.
Аҷоиб мантуву тушбера мебаст,
Бигӯи гул сари гулдони модар.
Чи гӯям аз қурут-оби лазизаш,
Вуҷудам гашта буд қурбони модар.
Шакар-обаш агарчи бе шакар буд,
Асал буд ҳосили дастони модар.
Зи оши туппаву оши бурида(ш)
Музайян буд ҳамеша хони модар.
Чу гандумкӯчаву ӯмочу кочи(ш)
Шифо буд ҳулбаву райҳони модар.
Надидам мисли ӯ кайбонуеро,
Агар дидам, набуд ҳамсони модар.
Агарчи чирадастоне зиёданд,
Набошад лек чун дастони модар.
Ҳама навъи таомаш лаззате дошт,
Ҳунар буд ҷумла ангуштони модар.
Ҳамеша накҳате аз меҳр медод,
Танӯру дегу оташдони модар.
Муродӣ, аз куҷо ёбам дигар бор,
Суроғи нону дастурхони модар.
Басо аз лаззати дунё чашидам,
Намеарзад ба ними нони модар.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 24.10.2025
---------------

Кокули испеди ӯ мушки тараст,
Рӯи ожангаш чу моҳи анбараст.
Нури шоми торики мо кист,кист?
Модара
Кокули испеди ӯ мушки тараст, Рӯи ожангаш чу моҳи анбараст. Нури шоми торики мо кист,кист? Модара
Модар меҳрубонтарин шахсест дар рӯи олам.
Модар меҳрубонтарин шахсест дар рӯи олам.

Нет комментариев

Новые комментарии
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
" ДАРЁИ  МАЪРИФАТ"   (Муродии Хатлони)

" ДАРЁИ МАЪРИФАТ" (Муродии Хатлони)

ЛентаТемы 333Фото 141Видео Участники 4 084
  • Подарки
Левая колонка
Всё 333
Обсуждаемые

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

Зарегистрироваться