Иттиҳоди Аврупо дар тӯли солҳои охир бо вуҷуди ҳушдорҳои маҳфилҳои байналмилалӣ дар мавриди расидани таҷҳизоти низомии аврупӣ ба дасти нерӯҳои вокуниши зуд, ҳанӯз ба содироти силоҳ ба Судон идома додааст.
Судон пеш аз оғози ошкори ҷанг дар апрели 2023, дар остонаи як бӯҳрони тӯлонӣ қарор дошт. Чандин даҳа ҳукмронии истибдодӣ дар зери роҳбарии Умар Ал-Башир, иқтисоде шикаста, нерӯҳои амниятие пароканда ва сохторҳои решадоре шахсияти нимнизомиро ба ҷо гузошта буд.
Пас аз суқути Умар Ал-Башир дар пайи табаддули қудрат дар соли 2019 шароити интиқолӣ байни ғайринзомию низомӣ натавонист қанотҳои рақибро муттаҳид кунад. Аз ин рӯ, бесуботии сиёсӣ, шӯришҳои маҳаллӣ ва рақобати шадид байни нерӯҳои мусаллаҳи Судон (SAF) ва нерӯҳои вокуниши зуд (RSF) ба як ҷанги комиле табдил шуд.
Иттиҳодияи Аврупо бо вуҷуди фосилаи ҷуғрофӣ нақши муассире дар ин таҳаввулот дорад. Ин иттиҳодия барои қариб як даҳа, раҳнамоии «байналмилалисозӣ»-и идораи муҳоҷиратро дунбол кард ва кумакҳо, таълимҳо ва таҷҳизоти пешкардашуда ба кишварҳои Африқоро ба баҳонаи кам кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Аврупо идора кард. https://tajikpress.com/2025/12/13/%d0%bd%d0%b0%d2%9b%d1%88%d0%b8-%d0%bf%d0%b8%d0%bd%d2%b3%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d1%80%d1%83%d0%bf%d0%be-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%ba%d1%83%d0%bc%d0%b0%d0%ba-%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d0%b5%d1%80%d1%80/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев