Предыдущая публикация
Сипас бо ханҷари сардӣ, диламро ғуссадор кардӣ.
Ту гуфтӣ «ноҷӣ»-ат ҳастам, аз ин тӯфон раҳоят бахшам,
Надонистам, ки тӯфонро худат бар ман савор кардӣ.
Ба ҷанге, ки ба по кардӣ, ман аз аввал сипар додам,
Шикасти қалби ошиқро чаро ту ифтихор кардӣ?
Ба қулла бурдӣ ва онгаҳ, тела додӣ ба қаъри чоҳ,
Бақои эътимодамро, ту хоки ин мазор кардӣ.
Ниқоби меҳрубониро зи рӯи «аҳриман» бардор,
Ки бо ин ҳилаву найранг, ҷаҳонро тиратор кардӣ.
Аҷаб расмест расми ту, навозиш мекунӣ куштан,
Ба дасти дӯст хунамро, равон чун ҷӯйбор кардӣ..****


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев